Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар соли 2022 53 адад созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ба имзо расонидааст.
Ин нуктаро Ҷило Гулназарзода ректори донишгоҳи болозикр имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, гуфт дар асоси шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ соли сипаришуда 12 нафар донишҷӯёни ин муассисаи олии касбӣ ба хориҷи дуру наздик ҷиҳати идомаи таҳсил сафарбар гардиданд. Т
ибқи иттилои ироашуда ин донишҷӯён дар давлатҳои Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҷило Гулназарзода гуфт, ки дар маҷмӯъ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода 586 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки шаҳрвандони Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон мебошанд.
Дар ин миён шаҳрвандони Ӯзбекистон зиёд мебошанд, ки 576 нафарро ташкил медиҳанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”