Дар соли 2022 чанд парвандаи иқтисодӣ баррасӣ шуд?

Дар соли 2022 313 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 222 парванда дар марҳилаи назоратӣ, 11 парванда дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ гардидааст. Доир ба рӯёнидани маблағҳои даъво ба ҳаҷми 884 млну 415 ҳазору 775 сомонӣ талаби даъво қонеъ гардида,  19 млну 425 ҳазору 27 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 15 млну 452 ҳазору 465 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар бораи бастани шартнома ва ё бекор кардани шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби соҳибкорон муроҷиат ба судҳои олии иқтисодӣ бештар буда, аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба гирифтани саҳми замин, бекор кардани қарори раиси ноҳия, дар бораи беэътибор донистани сертификати истифодаи замин муроҷиат шудааст. “Баҳсҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ бошад,  дар судҳои иқтисодӣ 11 парвандаро ташкил медиҳад” – таъкид дошт, Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии иқтисодӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки оид ба гирифтани маблағҳои амонатгузошта дар бонкҳои муфлисшуда муроҷиаткунандагон зиёданд ва ҳоло 246 нафар амонатгузорони «Тоҷпромбонк» маблағҳои худро дар ҳаҷми 37 млн сомонӣ нагирифтаанд.  Аз  «Точиксодиротбонк» 3 млрду 888 млн сомони дороӣ ва 1 млрду 243 млн сомонӣ ӯхдададорӣ бокӣ мондааст. «Агроинвестбонк» 1 млрду  666 млн сомонӣ дороӣ ва 1 млрду 428 млн сомонӣ ӯхдадорӣ дорад, ки бо оҳистагӣ  ӯҳдадории худро иҷро хоҳанд кард. Сабаби асосии тӯл кашидани қонеъгардонии даъвоҳо ин дар шакли пулӣ набудани дороиҳо будааст.

                                  Шоистаи Аҳмад

                          радиои “Тоҷикистон”