Се бонки Тоҷикистон дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор дорад. Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод. Дар нишасти матбуотии ин ниҳод инчунин аз зиёд шудани муроҷиатҳои шахсонӣ хориҷӣ хабар дода шуд, ки масъулин сабабашро дар рушди ҳамкориҳои самти истеҳсолот донистанд.
“Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” дар давраи барҳамхӯрӣ қарор доранд ва то ҳол аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар ин бонкҳо пасандоз гузоштаанду маблағашонро нагирифтаанд аризаҳои шикоятӣ ба Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон (СОИТ) ворид мешаванд. Ин нуктаро Рустам Мирзозода, раиси СОИТ имрӯз зимни нишасти хабарӣ баён намуд. Ӯ изҳор дошт, ки парвандаи “Тоҷпромбонк” дар таҳқиқи СОИ ш.Душанбе қарор дошта, тамоми шикояту аризаҳо аз ҷониби СОИ ш. Душанбе баррасӣ мешаванд. Ҳамкасбони мо оид ба тӯл кашидани барҳамхӯрии “Тоҷпромбонк”, ки 5 – 6 сол мешавад фармон оид ба барҳамдиҳии бонк ҳаст, вале то ҳанӯз барҳам нахӯрдани он аз роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон суол карданд.
Ба таъкиди роҳбарияти ин ниҳод барои барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” то ҳанӯз сабабу омилҳое ҳастанд, ки монеаҳо пеш меоранд. Нисбати ду бонки дигар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то кунун шаҳрвандон муроҷиат мекунанд ва арзу шикоятҳо аз ҷониби ин ниҳод баррасӣ шуда истодааст.
Дар нишасти хабарии Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон инчунин ба масъалаи муроҷиату баррасии аризаҳои шахсони хориҷӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Оид ба ин масъала муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода ба хабарнигорон посух дод, ки имсол нисбат ба соли гузашта муроҷиати шахсони хориҷӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст, ки сабабаш рушди ҳамкориҳо дар самти истеҳсолот мебошад.
Дар нишасти хабарии ниҳоди болозикр оид ба ворид шудан ё нашудани арзу шикоят миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои мобилӣ савол дода шуд. Роҷеъ ба ин масъала дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон посух доданд, ки соли 2022 ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин масъулини ин ниҳод дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд, ки соли 2022 аз ҷониби Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 568 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ шуда, аз инҳо 313 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 222 парванда дар мариҳилаи назоратӣ ва 11 парванда дар Раёсати Суди олии иқтисодӣ баррасӣ гардидааст. Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра ба судҳои иқтисодӣ 4 млну 388 ҳазору 8 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”