Ҳамкории Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» бо Институтҳои Умумиҷаҳонии молиявӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, БДА ҶТ «Амонтбонк» аз соли 2004 инҷониб узви Институти Умумиҷаҳонии бонкхои амонатгузор ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2022 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси 26 – уми институти мазкур баргузор гардид, ки дар он аз 197 давлат намоянда иштирок кард, вале шумораи баромадкунандагон ҳамагӣ 12 нафарро ташкил медод, ки яке аз онҳо роҳбарияти «Амонатбонк»-и Тоҷикистон буд. Дар охири чорабинии мазкур ба хулосае омаданд, ки дар соли равони 2023 дар шаҳри Душанбе як чорабинии мухими Институти Умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор баргузор хоҳад гашт.
«Баргузории чунин чорабинӣ барои рушди ҳамкориҳо ва ҷалби маблағҳо ба низоми бонкии мамлакат такконе хоҳад бахшид»,- таъкид дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ.