Дар меҳмонхонаи «HYATT REGENCY»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳо дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 баргузор гардид.
Имрӯз, 6 феврали соли 2023 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори меҳмонхонаи «HYATT REGENCY» маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 аз рӯйи 10-номинатсия ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2022 баргузор шуд.
Дар ин маросим «Радиои Тоҷикистон» – беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар соли 2022 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.