“Мо аз фаъолияти худ қаноатманд ҳастем” – ин нуктаро Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Тавре ҳамкорамон Парвина Самандарзода иттилоъ медиҳад, ин қаноатмандиро Хуршед Раҳмонализода дар 97 млн сомонӣ гирифтани даромади Иттифоқи “Тоҷикматлубот” донист.
Ба таъкиди номбурда ягон корхона дар як сол қариб 100 млн сомонӣ даромад нагирифтааст. Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки “Тоҷикматлубот” 64 адад бозорро дар ихтиёри худ дошта, маҳсулоти хӯрока дар анборҳо тайи соли гузашта хуб нигаҳдорӣ шуданд.