Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023», бозии аввалашро бо наврасони Русия доир кард. Рақобат миёни дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Голро аз ҳайати тими миллии кишвар Раббонӣ Камолов ба самар расонид.
Бозии навбатиро наврасони тоҷик дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 7-феврал бо тими наврасони Беларус (U-16) баргузор мекунанд. Ин рақобат соати 17:40 ба вақти Душанбе дар толори футболи Минск доир мешавад.