Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников мулоқот намуд. Дар ин бора аз котиботи сарвазири кишвар ба Радиои Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони пешсафи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ин ду давлат дар соли 2022 нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ истифодаи босамари имконияти то ҳол ба пуррагӣ истифоданашуда дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.