Заминларзаи шадид дар Туркия: беш аз 100 нафар ҳалок шуданд, шумораи қурбониён мунтазам меафзояд

Дар Туркия ва Сурия бар асари заминларзаи шадид беш аз 200 нафар ба ҳалокат расида, наздики ҳазор нафари дигар маҷруҳ гардидаанд. Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА қувваи заминларза 7,8 ташкил додааст.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, заминларза дар қисми ҷанубу шарқи Туркия дар наздикии марз бо Сурия рух додааст. Гуфта мешавад, ки аз таконхӯрии замин сокинони 10 минтақаи Туркия зарар диданд.

Шумораи фавтидагонро расонаҳои хабарӣ гуногун шарҳ додаанд. Аммо, бузургтарин хабаргузории давлатии Туркия “Анадолу” дар такя ба маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ хабар додааст, ки бар асари заминларза танҳо дар Туркия ҳудуди 100 нафар ба ҳалокат расидааст ва эҳтимоли афзоиши фавтидагон низ вуҷуд дорад, зеро вазъи саломатии чанде аз маҷруҳон вазнин арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, то ҳол ҷасади чандин тани дигар дар зери харобаҳо боқӣ мондааст.

Ин офати табиӣ ба минтақаҳои гуногуни Сурия низ зарар расонидааст. Бино ба иттилои расонаҳои давлатии Сурия дар натиҷаи таконхурии шадиди замин садҳо биноҳои истиқомативу маъмурӣ хароб гардида, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидааст. Ҳоло аз ҷониби кормандони хадамоти марбута корҳои наҷотдиҳиву бартафсозӣ идома дорад.

Баҳруллои М

радиои “Тоҷикистон”