Акс аз АМИТ “Ховар”
Дар Фабрикаи маъданҳои каммаҳсули шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корҳои безараргардонӣ идома доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иҷрои босифати тадбирҳои беҳсозии вазъи экологӣ дар ин минтақа бо истифода аз 38 техникаю механизм ба анҷом расонида шуда, дар майдони Фабрикаи маъданҳои каммаҳсул, ки 7,9 гектарро ташкил медиҳад, дар марҳилаи охир тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Гуфта мешавад, барои татбиқи саривақтии лоиҳа дар мавзеи наздик ба сохтмон барои кормандон шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои санитарӣ ва беҳдошт, ҷойи шустушӯи техникаю механизм ва зеристгоҳи хурди барқӣ аз ҷумлаи иншоотест, ки ба хотири пешрафти кор бунёд карда шудаанд.
Лоиҳаи мазкур дар шаҳри Истиқлол то охири соли 2023 пурра татбиқ мегардад ва дар марҳилаи баъдӣ дар чор партовгоҳи дигари ин мавзеъ корҳои безараргардонӣ бо сатҳу сифати баланд иҷро карда мешаванд.