Ҳайати тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тариқи хатсайри Маскав барои иштирок дар мусобиқаи анъанавии «Ҷоми рушд-2023» ба шаҳри Минск сафар кард.
Сармураббии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов ба мусобиқа 20-бозингар, 2-дарвозабон, 6-ҳимоятгар, 8-нимҳимоятгар ва 4-ҳамлагарро интихоб намуд. Дар «Ҷоми рушд-2023», ки аз 5-ум то 11-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, 8-даста иштирок менамояд.
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «А» бошад дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) нерӯсанҷӣ хоҳанд кард.
Наврасони тоҷик бозии аввалинашонро дар ин мусобиқа имрӯз, 5-уми феврал бо тими Русия анҷом медиҳанд. Вохӯрӣ соати 14:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бар асоси низомнома дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар идома ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Барои мунтахаби Тоҷикистон (U-17) ширкат дар мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15-ум июн то 2-юми июл дар Тайланд сурат мегирад.