Рӯзи 30 январи соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ифтитоҳ гардид.
Тавре Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи он вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат, муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо, роҳбарият ва устодону кормандони Донишкада ширкат додаштанд.
Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинашро ба донишкада хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки таъсиси марказҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар самти фарҳанг ҷиҳати омӯзиш ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими маънавиёти ҷомеа муҳим ва саривақтӣ буда, Ҳукумати кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои зиёди судмандеро ба сомон расонидааст.
Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Таъсиси чунин як лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ, ки низоми иҷтимоӣ-фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлолро мавриди пажӯҳиш қарор дода, натиҷаҳои таҳқиқоташро ҷиҳати дар амал татбиқ намудан ба манфиати соҳа равона созад, хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Мудири Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма Абдусатор Раҳмонов дар бораи вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти лаборатория маълумот дода, зикр намуд, ки мақсади асосии фаъолияти лаборатория пешбурди фаъолияти таълимӣ, таҳлилӣ, мустаҳкамнамоии таҳкурсии илмӣ ва таҳқиқоти назарӣ-амалӣ мебошад.