Пас аз се сол: Равуои мошинҳои боркаш ба Чин муқаррарӣ гардид

Пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши ватанӣ вориди ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд

Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар дода, ташреҳ кардааст, ки аз соли 2020 то ҳол мошинҳои боркаши ватанӣ иҷозати ворид шудан ба ҳудуди кишвари ҳамсоя надоштанд.

Ба гуфтаи манбаъ, то акнун бор бо нақлиёти боркаши Чин то сарҳад оварда, аз онҷо ба мошинҳои боркаши ватанӣ бор  ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд, ки ба ин вақту маблағи  бештар сарф мегардид.