Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси олии кишвар ва ҷаласаи васеъи Ҳукумат аз суръати пасти интернет ва арзиши он интиқод намуда буданд. Дар робита ба ин муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Илҳом Атоев зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат мушкилот дар самти суръатнокии интернет вуҷуд дорад. Ба таъкиди ӯ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҳоло аз ҷониби Хадамот ситоди доимамалкунанда дар ҳамкорӣ бо тамоми муҳанидсон, техникон, ва ширкатҳои мобилӣ, ба роҳ монда шуда, корҳои санҷишӣ гузаронида мешавад.
Ба зикри Илҳом Атоев давоми солҳои 2021-2022 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 гига интернет ворид карда шуд, ки он тибқи дархоти ширкатҳои мобилӣ ба онҳо тақсим гардид. Соли гузашта, барои таъсиси истгоҳҳои базавӣ, ки асоси интернети мобилиро ташкил медиҳад, 736 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дода шуд. “Ҳоло дар кишвар дар маҷмӯъ 3000 истгоҳҳои базавӣ вуҷуд дорад, ки ин қонеъкунанда нест. Илова бар ин роҳҳои алтернативии ворид кардани ситемаи интернети байналмилалӣ бо воситаи Ҷумҳуррии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Русия ва Туркманистон дар назар аст”, – мегӯяд Илҳом Атоев. Ба таъкиди ӯ ҳоло талабот ба интернет бештар гардидааст.
Дар мавриди паст намудани арзиши интерет муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати кишвар Илҳом Атоев ба таври мушаххас чизе нагуфт, танҳо зикр дошт, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ ба роҳ монда шудааст. Ӯ дар тақвияти гуфтаҳояш иброз дошт, ки давоми ду сол арзиши тарофаҳои интернетӣ дар ягон шабакаи мобилӣ зиёд нагардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси олии кишвар зикр дошта буданд, ки “рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад. Ҳамзамон, Хадамоти алоқаро вазифадор намуда буданд, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”