Аз 18-уми январ инҷониб дар шаҳри Бангкоки Тайланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон баргузор гардида истодааст. Дар ин мусобиқа се нафар узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон – Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола гардиданд.
Довуд Маҳкамов дар вазни (-71кг) дар марҳилаи 1/4 финал намояндаи Ироқ Наим Ҳусейн Юсуфро шикаст дода, дар нимфинал аз варзишгари Қазоқистон Сабиржан Аккаликов мағлуб гардид.
Абдумалик Болтаев (-75кг) бошад, дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Алохон Абдуллоев ноком шуд. Дар даври 1/4 финал ӯ варзишгари мизбон Ломфа Сонгбуранро мағлуб намуда буд.
Муштзани дигари тоҷик Шаҳбоз Ҳаитов (-80кг) бошад, дар нимфинал муқобили намояндаи Чин Ҳалимулати Раҳеманду ба ринг баромада, мағлуб гардид. Шаҳбоз дар даври 1/4 финал варзишгари Қувейт Мусаб Алҳулайлиро шикаст дода буд.
Дар дуюмин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 149-варзишгар (95-мард, 54-зан) аз 20-кишвари қора иштирок намуда истодаанд. Аз кишвари мо 7-варзишгар, 6-мард, 1-зан дар ин чорабинӣ ширкат карданд.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”