Ба Иван Кузмин Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид

18 январи соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои тухмипарварӣ Кузмин Иван Иванович мукофоти давлатӣ-Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардидааст.

Ба иттилои манбаъ мукофоти давлатӣ-Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 декабри соли 2022 барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кузмин Иван Иванович дода шуда буд.

Ифтихорномаи мазкур аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода ба И. Кузмин тақдим гардид.