Вазорати нақлиёт ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ба самти Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ҳаракат мекунанд, расонида расонидааст, ки бо назардошти хеле сард омадани мавсими зимистон ва аз – 20°C ва баъзан зиёдтар паст шудани ҳарорати ҳаво, аз сӯзишвории зимистона истифода намоянд.
Ҳамзамон, ин Вазорат таъкид намудааст, ки воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона ва занҷирҳо таъмин намуда, вақти шабона дар роҳҳои куҳсор ҳангоми боришоти барф аз ҳаракат худдорӣ намоянд.