Давоми соли 2022 дар самти ворид намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 25 намуд амалиёти нави ҷарроҳие, ки қаблан дар муассисаҳои тандурустии вилоят гузаронида намешуданд, ба роҳ монда шуданд.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар дода, тавзеҳ медиҳад, ки аз ҷумла, дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин дар беморхонаи мазкур амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста гузаронида шудааст.
Дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар ба беморон бо ташхиси “тангшавии роҳҳои пешобрав” амалиёти ҷарроҳии “ретеропластикаи аугментатсионӣ” бо истифодабарии пардаи луобии лунҷ, амалиёти ҷарроҳии “эхинококози шушҳо” бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон, дар давраи сипаригашта дар Маркази ҷарроҳии вилоятӣ амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устухони пушти сар аз чап бо гирифтани омоси дохилимағзии кистозиву солидии ҳиссаи пушти майнаи сар аз чап”, амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устухони фарқу пешонаву чакка аз чап бо гирифтани омоси дохилимағзии ҳиссаҳои фарқу пешона аз чап”, амалиёти ҷарроҳии “Краниотомияи устуҳони фарқу чаккаи сар аз ду тараф, бисёртар аз тарафи чап бо гирифтани омоси сеяки мобайнии синуси сагиталии майнаи сар аз чап”, амалиёти ҷарроҳии “Ламинэктомияи мӯҳраҳои С4-С5-С6-С7 бо гирифтани омоси интрадуралии ҳароммағз” ва ғайра муваффақона сураг гирифтааст.
Дар ин давра дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба воситаи дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ гузоштани нефростома ба кистаҳои гурдаҳо ба роҳ монда шуд.
Дигар намуд усулҳои ҷарроҳӣ дар як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят низ гузаронида шуданд.