Аз ҷониби Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир рӯзҳои охир гуфтушунидҳо бо шахсони маъсулӣ Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) сурат гирифта, дар он масъалаҳои муҳими рушди гуштини ҷудо дар Тоҷикистон ва бартараф кардани мушкилотҳои ҷойдошта, баррасӣ гардид.
Аввалиндараҷа маҳдудиятҳои иштироки яке аз варзишгарони ҷавону умедбахши кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани холҳои зарурӣ барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпӣ барҳам дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 Ҷаҳонгир Маҷидов ва Мулораҷаб Халифаев барои вайрон кардани низоми Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) муввақатан аз ҳақи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум гардиданд ва имтиёзҳои онҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо бекор карда шуда буд.
Аннун мушкилии Ҷаҳонгир Маҷидов аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо бартараф шуд ва у акнун метавонад дар мусобиқаҳои (IJF) барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ талош кунад.
Ҳамзамон, масъалаи иштироки Муллораҷаб Халифаев дар мусобиқаҳо аз Тоҷикистон алоқаманди бо Федератсия ҷудои Русия дошта, мавриди баррасӣ қарор дорад.