Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти таъиноти гуногун идома дорад. Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, ки ба ин муносибат аз 1-уми ноябри соли 2021 оғоз ёфта буд, дар рӯзҳои мусоиди фасли сармо низ идома ёфт.
Бино ба иттилои нашрияи «Истиқлол»-и МИҲД ноҳияи Темурмалик то 8-уми январи соли равон аллакай 10800 метри роҳи мазкур мумфарш гардида, дар боқимонда қитъа 85 адад техникаи роҳсозӣ ва 165 нафар мутахассисони маҳаллию чинӣ фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки дарозии роҳи автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт 58,6 км-ро дар бар гирифта, паҳнои он то маркази ноҳия 12,0 метр ва аз инҷо то ҷамоати Кангурт 10 метрро ташкил хоҳад дод.
Ба иттилои мавҷуда, дар раванди корҳои роҳсозӣ 5-пули мошингузар сохта шуда, 92-адад қубури обгузар низ гузошта шудааст. Ба гуфтаи масъулини татбиқи лоиҳаи мазкур, корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ моҳи июни соли 2023 пурра ба охир мерасад.