“Тоҷикcтандарт” ба ронандаҳо: Дар хариди моеи зиддисардӣ (Антифриз) эҳтиёт бошед

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо “Тоҷикстандарт” ронандагонро огоҳ кардааст, ки аз навъҳои пастсифату ғайристандартии Антифриз харидорӣ накунед.

Ин Агентӣ мегӯяд, аз талаботи зиёд ба моеи зиддисардӣ суистифода карда дар бозори дохилӣ баъзе аз соҳибкорон навъҳои пастсифату ғайристандартии Антифризро ба харидорон пешниҳод мекунанд, ки бар зарарари истеъмолкунандагон аст.

Ба иттилои манбаъ “То ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти серталаботро тақаллубкорӣ карда, ба шакли он монанд маҳсулот истеҳсол мекунанд, вале ба сифату таркиби он аслан аҳамият намедиҳанд. Чораҷуиҳои вақтҳои охир ва санҷишҳои озмоишгоҳӣ маълум кард, ки дар баъзе аз ин намуди маҳсулот ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда дигар чизе мавҷуд нест, ҳоло он ки таркиби худи моеи Антифриз танҳо аз об, спирти 2 атома этилингликол ва маводи рангкунанда иборат аст. Дар марҳилаи аввали гузаронидани озмоиш аллакай таҷҳизоти санҷишӣ нишон дод, ки истифодаи он дар фасли зимистон танҳо бар зарари ронандагон асту бас”

Манбаъ мегӯяд, гарчанде теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартӣ аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо мусодира шуда бошад ҳам, аммо бемасъулиятӣ ва андешаи даромади муфт вуҷуди қаллобонро тарк намекунад. Бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ фурӯшандагони зиёде низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа харидор зарари молӣ мебинад.

“Тоҷикстандарт” даъват кардааст, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба мақомотҳои дахлдор, хусусан ба Агентии “Тоҷикстандарт” муроҷиат намоед.

Суроға:

Ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 42/2

Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99

Рақами вайберӣ: 988502222