ПЕШВОИ МИЛЛАТ: БЕСАВОДӢ БАДБАХТӢ МЕОВАРАД

Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дар баробари муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои соли 2023, ҳамчунин як навъ ҷамъбасти натиҷаҳо дар муддати 31 соли соҳибистиқлолии давлат ҳам мебошад. Зеро Пешвои миллат рушди ҳамаи соҳаҳоро бо овардани факту рақам ва дар муқоиса гузоштани онҳо ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳаҳои иҷтимии давлат ёдовар шуда, зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор доштани соҳаи маорифро таъкид намуданд. Воқеан, шаҳрвандони кишвар хуб огоҳӣ доранд, ки шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамасола барои беҳтар кардани шароити соҳаи маориф дар Тоҷикистони азиз тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Ҳар сол даҳҳо бинои наву замонавии боғчаву кӯдакистон, муассисаҳои таълимии миёна, махсус ва олии касбӣ сохта ба истифода дода мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин нукта дар Паём чунин зикр карданд: “Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон низ сухан ронда, аз ҷумла чунин зикр карданд: “Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд”.

Роҳбари давлат вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдоро вазифадор карданд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар ин ҷода Пешвои миллат таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғлро вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ҳисоб карданд.

Ҳамчунин дар ҳамин самт ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд. “Дар ин самт зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд”,- ба ин маънӣ иброз доштанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз нуктаҳои дигари руҳбаландкунандаи Паём ин афзун шудани музди маоши кормандон, нафақа ва стипендияҳо мебошад. Пешвои миллат дар Паём дастур доданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ оғоз аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Дар ин баробар нахуст аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо низ ба ҳадди 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамчунин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод гардид, ки аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ ҳам ба андозаи 20 фоиз афзун карда шавад. Дар ҳамин замина нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда мешаванд, ки ин ҳам хабари хушҳолкунанда мебошад. Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда хоҳанд шуд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст ва ин нуктаро дигарбора Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш такрор карданд, “…пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Аз ин рӯ, мо, намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем, то бо истифода аз тамоми имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати кишвар фароҳам овардааст, нахуст дар рушди маънавиёти хеш ва баъдан инкишофу тараққии соҳаҳои илму маориф саҳмгузор бошем.

Оиша КАБИРОВА, корманди шуъбаи робитаҳои

байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории

Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ