Дар минтақаи Рухаки Суғд боғҳои нав бунёд карда мешавад

Бо мақсади азхудкунии заминҳои бекорхобида ва ташкили боғҳои нав дар минтақаи Рухак, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, боғҳои нав ташкил хоҳад шуд, ки дар натиҷаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад.

Тавре Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз минтақаи Рухак иттилоъ дода шудааст, ки бо тавсияи олимону мутахассисон ва бо истифода аз ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ марҳила ба марҳила дар ин мавзеъ 900 гектар боғҳои гуногун бунёд мешавад.​

Раиси вилоят ташкили боғҳои нав ва азхудкунии заминҳоро талаботи рӯз арзёбӣ карда, барои ташкили боғҳои нав тавсияҳо дод. Ба масъулин дастур дода шуд, ки барои обёрии мавзеи Рухак пойгоҳҳои обкаширо таъмиру таҷдид намуда, бо ин роҳ истифодаи самараноки заминро таъмин намоянд.

Истифодаи самараноки замин имкон медиҳад, ки сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад.

Ба иттилои манбаъ, соли 2022 дар вилоят​ тибқи нақша​ бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 889 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки нисбати нақша​ 3,9 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад.