“Садои мардум”: соли 2022 дар ВМКБ 461 иншоот бунёд шудааст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи  11 январ мақолае таҳти унвони “Паём ва ҷаҳонишавии мероси фарҳангии тоҷикон”  навиштааст, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳа ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавал. 

Дар ин замина муаллиф ёдовар шудааст, ки  бо  ташаббуси  навбатии  Президенти Тоҷикистон аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки ҳадафи ин иқдом рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 январ бо нашри матлабе вазъи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Турсунзодаро баррасӣ кардааст. Муаллиф аз қавли Зоир Ибодуллоев, роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Турсунзода, навиштааст, ки дар муассисаҳои тандурустии ин шаҳр норасоии кадрӣ мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи Зоир Абдуллоев,  нарасидани духтури оилавӣ мушкили рақами яки муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Турсунзода маҳсуб мешавад. Бино ба иттилои мутасаддиён, марказҳои саломатии деҳавӣ ва бунгоҳҳои тиббии ин шаҳр ба 50 табиби оилавӣ эҳтиёҷ дошта, дар  марказҳои саломатӣ як табиб, ҳатто, ба ҷойи ду нафар фаъолият мекардааст. Гузашта аз ин, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии Турсунзода ба 6 дандонпизишк ниёз доранд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 12 январ хабар додааст, ки соли 2022 дар ВМКБ 461 иншооту 26 корхона бунёд шудааст. Муаллиф бо такя ба натиҷаҳои иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон навиштааст, ки ҳаҷми умумии даромади  буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2023 дар ҳаҷми 406,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, афзоиши буҷаи соли 2022 65,5 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи муаллиф, дар ин ҷаласа зикр шудааст, ки тайи се соли охир барои бунёду барқарорсозии иншоот  дар ин вилоят  наздики 865 миллион сомонӣ равона шуд, ки он 51 фоизи нақшаи маблағи пешбинишудаи солҳои 2021- 2022 ва 18,2 фоизи маблағи умумии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025»-ро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин таъкид мешавад, ки соли 2022  461 иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта шуда, 26 коргоҳу корхона таъсис ёфтанд. Дар маҷмӯъ, танҳо дар сохтмон беш аз 200 миллион сомонӣ аз худ карда шуда, айни ҳол корҳои бунёдӣ ба маблағи 35 миллион 585 ҳазор сомонӣ дар 144 иншооти ВМКБ идома доранд.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумора мақолае бо номи “Дастгирии бонувон — ғамхорӣ ба модар ва оила” чоп карда, сиёсатҳои гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тадбирҳо андешида ва мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро амалӣ мегардонад.  

Муаллиф бо такя ба нуктаҳои Паёми солонаи Раҳбари давлат навиштааст: «Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ — 71, фарҳанг — 47, бонкдорӣ — 39, алоқа — 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд».

Дар идомаи мақола таъкид мешавад, ки ташкили квотаҳои президентӣ ба он боис шуданд, ки ҳазорон духтар ва оилаҳои камбизоати саросари кишвар соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.  Аз ҷумла  танҳо дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин шумора 239 ҳазор нафар соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 11 январ матлабе бо номи “Ҳушдор ба 800 000. Ду бор Президент гузашт кард, дафъаи сеюм чӣ мешавад?” чоп кардааст. Муаллиф бо такя ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон навиштааст, ки муҳлати сабти симкортҳои алоқаи мобилӣ рӯзи 15 феврал ба итмом мерасад ва эҳтимол 800 ҳазор нафар аз хадамоти иртиботи мобилӣ марҳум шаванд.  Таъкид мешавад, ки тайи чор соли охир зиёда аз 3 миллиону 900 нафар шиносномаи намунаи соли 2014 гирифтаанд, аммо ҳамоно 2 млн. симкорт бо шиносномаҳои кӯҳна сабт шудаанд. Дар ҳамин ҳол Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари ташкилоти «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» ба ин нашрия гуфтааст, бо далели он ки иваз намудани шиноснома танҳо ба хотири, сабти номи симкортҳо аст, бинобар ин, сокинон онро чандон ҷиддӣ нагирифтаанд. Ба гуфтаи Ибодуллоев агар иваз кардани шиноснома бо мақсади гирифтани даҳҳо хизматрасонии электронии давлатӣ мебуд, дар он ҳолат, мардум худашон тезтар шиносномаҳоро иваз мекарданд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигари ин шумораи худ, аз раванди кунди татбиқи ҳукумати электронӣ дар бархе навоҳии пойтахт интиқод кардааст. Аз ҷумла ба навиштаи муаллиф сомонаи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт комилан кор намекунад, дар ҳоле ки ин ноҳия дар қалби пойтахт ҷой гирифтааст. 

Муаллиф дар ин замина савол гузоштааст, ки дастовардҳои ин ноҳия дар куҷо инъикос мешуда бошанд? Агар мардум арзу шикояти электронӣ дошта бошанд,  чӣ гуна ба раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин мерасида бошад? Онҳое, ки масъули сомона ҳастанд, ё бахши иртибот бо ВАО-ро бар зимма доранд, баҳри чӣ маош мегиранд?  Дар фарҷом муаллиф ёдовар мешавад, ки тибқи охирин тағйироти кадрӣ, Шариф Самӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ барканор шуда, ба ҷои ӯ Руслан Қодирзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъйин гардид.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 12 январ бо нашри матлабе Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027-ро баррасӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки барои амалисозии ин барнома ҷудо намудани зиёда аз 28 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба ҳисоби миёна солона 5.6 млн. сомонӣ ҷиҳати барқарорсозии чарогоҳҳо масраф мешавад. Таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон майдони чарогоҳҳо 3,83 млн. гектарро ташкил медиҳад ва ин  83% -и ҳамаи  заминҳои кишоварзии  дар кишвар аст.

Ба навишати  муаллиф тавлидоти дохилии Тоҷикистон айни замон  70%-и эҳтиёҷот ба ширу маҳсулоти ширӣ ва 80%-и талабот ба гӯштро таъмин мекунад. Аммо ҳамзамон дар соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 40 млн. доллар маҳслуоти гӯшту шир аз хориҷи кишвар ворид кардааст, ки 15 баробари аз маблағи панҷсолаи рушди чарогоҳҳо зиёдтар аст.  Муаллиф таъкид мекунад, мушкили асосии рушди чорводорӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки қисмати бештари чарогоҳҳо дар ихтиёри як гурӯҳи сармоядорон ҳастанд ва онро бо нархҳои гарон ба чорвопарварон иҷора медиҳанд.

Ҳафтаномаи “Пайк” чопи Кӯлоб дар шумораи рӯзи 12 январ номаи саркушода унвонии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардааст. Ба иддаои муаллиф, беш як сол боз дар деҳаи Б. Ғафурови ноҳияи Қубодиён аз болои гурӯҳи ҷиноятпешаи оилаи Ҳайимовҳо шикоят доранд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия хомӯшӣ ва бетарафиро ихтиёр кардаанд. Ба навиштаи муаллиф аъзои ин хонавода ба тасарруф ва фурӯши заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои мардум машғул буда, дар чандин ҷиноятҳои сангин низ даст доранд. Дар хулоса муаллиф аз мақомоти интизомӣ тақозо кардааст, ки ин қазияро ҷиддӣ пайгирӣ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

радиои “Тоҷикистон”