Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 5 январи соли 2023, №09 «Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» ба имзо расидааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст. Озмуни мазкур бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон гардида, дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, куҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир хоҳад шуд.
Дар озмун наврасону ҷавонони то 30 сола метавонанд иштирок намуда, соҳиби мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гарданд.