Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади дуюми тамриниро дар Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуруъ намуд.
Сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев ба ин ҷамъомади тамринӣ 28-бозингар аз ҷумла 3-дарвозабон, 9-ҳимоятгар, 10-нимҳимоятгар ва 6-ҳамлагар даъват кардааст. Ба далели номусоидии обу ҳаво даста тамринҳоро дар толори Академияи «Ювентус» дар шаҳри Душанбе доир мекунад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе 19-январ ба Анталия сафар карда, давоми як моҳ чанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бояд қайд намоем, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҷавонони кишвар дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2-март), Уммон (5-март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-март) рақобат мекунад.
Баъди ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мегардад. Ҷоми ҷаҳон дар Индонезия доир мешавад.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):
Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо»);
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Диёрбек Марауфов («Равшан», Зафаробод), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Меҳрубон Каримов (бе бошгоҳ);
Нимҳимоятгарон: Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Салоҳиддин Иргашев («Металлург», Ӯзбекистон), Фатҳулло Олимзода, Бежан Нишонбойзода, Азизбек Ҳаитов, Абдулло Шарипов (ҳама аз «Динамо»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан», Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Сунатулло Азизов («Динамо»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).