Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид гузориши наверо дар бораи вазъи қабати озони Замин, нашр кард.
Бино ба изҳороти иштирокчиёни нишасти солонаи Ҷамъияти метеорологии Амрико кӯшишҳои инсоният барои ҳифзи қабати озон натиҷа дода, интизор меравад, ки қабати озон то соли 2066 барқарор шавад. Коршиносони СММ қайд мекунанд, ки барқарорсозии қабати озон метавонад таъсири тағйири иқлими ҷаҳониро коҳиш диҳад.
Ҳамзамон, иштирокдорони нишаст таъкид намуданд, ки барқароршавии қабати озони замин ба коҳиши партоби моддаҳои кимиёвии зараровар ба ҳавои атмосфера вобастагӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки соли 1970-ум қабати озон нобуд шуданро оғоз кард ва дар соли 1985 олимон дар он сӯрохии бузургеро кашф карданд. Ҳамагӣ пас аз ду сол, Протоколи Монреал ба имзо расид – 46 кишвар ваъда доданд, ки партовҳои умумии моддаҳои кимиёвии ба қабати озон зарароварро коҳиш диҳанд. Баъдтар ин созишнома дар таърих аввалин созишномае гардид, ки аз ҷониби тамоми аъзои созмон ба тасвиб расид. Имрӯз 99% моддаҳое, ки ба қабати озон зарар мерасонанд, истифода намешаванд.