Дирӯз раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохтмони хонаҳои баландошёна дар маҳаллаи Хичордев, корхонаҳои дузандагии “Баҳори Ишқ”, мебелбарорӣ, пояфзолбарорӣ ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дидан намуданд.
Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар дода, таъкид кардааст, ки котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода зимни боздид аз ҷараёни таъмири толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд таъмир кардани толор ва бо бо системаи гармидиҳӣ таъмин намудани он супоришҳои мушаххас додааст.
Ба иттилои манбаъ, таъмири толорро ҶСК “Хизматгор” ба ӯҳда дошта, дар назар аст, ки корҳои таъмирӣ тибқи нақша майи соли равон анҷом дода мешаванд. Дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти ВМКБ имрӯзҳо дар корхонаи дӯзандагии “Баҳори ишқ” мутахассисон аз шаҳри Душанбе омада, бо дӯзандагони шаҳру навоҳии вилоят оид ба аз худ намудани баъзе нозукиҳои касби дузандагӣ курсҳои кӯҳтомуддат гузаронида истодаанд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба мутахассисоне, ки аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ рафта, ба дӯзандагони вилоят нозукиҳои касби дӯзандагиро ёд дода истодаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, зикр доштааст, ки минбаъд чунин иқдом бо мақсади баланд бардоштани касбияти бонувон роҳандозӣ мегардад.
Дар идома аз корхонаи саноатии мебелбарорӣ, ки дар бозори 20 – солагии Истиқлолият ҷойгир аст ва 4 нафар сокинони шаҳри Хоруғ дар он ҷо кору фаъолият доранд ва корхонаҳои саноатии пояфзолбарорӣ ва истеҳсоли обҳои ташнашикан, ки айни ҳол корҳои васлкунӣ дар онҳо рафта истодааст, боздид ба оварда шудааст.