Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” бо мақсади дарёфт ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод байни таълимгирандагони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе озмунҳои «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва мусобиқаи шоҳмоту шашка баргузор гардид.
Дар ин бора Сарраёсати маориф дар шаҳри Душанбе хабар дода, таъкид мекунад, ки баъди ҷамъбаст ва хулосабарории ҳайати ҳакамон ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи ҳайати тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.