Рӯзи 30-юми декабр бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ аз гузариши Криштиану Роналду ба даста хабар дод. Пеш аз гузариши Роналду инстаграми бошгоҳи арабӣ наздикии 860 ҳазор обуначӣ дошт. Аз гузариши Криштиану беш аз як ҳафта сипарӣ шуд ва ҳоло инстаграми бошгоҳи «Ал-Наср» аллакай 11-млн обуначӣ дорад! Бояд қайд намоем, ки ин рушди кайҳонӣ аст.
Нашри шартномаи якҷояи Криштиану ва «Ал-Наср» оиди гузариши бозингар 4-млн лайк ҷамъ кардааст.
Ташрифи абарситораи португалӣ «Ал-Наср»-ро маъруфтарин бошгоҳи Шарқи Наздик намуд. То ин дам обуначиёни аз ҳама зиёдро рақиби асоси «Ал-Наср» – «Ал-Ҳилол» дошта буд (3,6 млн обуначиро) – ташкил медод.
То рекорди худи Криштиану Роналду масир хеле ҳам тулонӣ аст. Криштиану аввалин шуда соҳиби 500-млн обуначӣ дар инстаграм гардида буд.
Охири моҳи ноябр Криштиану аввалин шуда дар ҷаҳон аз 500 млн обуначӣ дар инстаграм гузашт. Теъдоди обуначиёни бозингари португалӣ бамаротиб зиёд шуда истодааст. Моҳи феврали соли гузашта обуначиёни футболбози португалӣ 400-млнро гузашта буд.
Дар айни ҳол Криштиану 530-млн обуначӣ дорад.
Бояд қайд намоем, ки аз 16-дастае, ки дар марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳои Аврупо бозӣ мекунанд 9-тояш дар қиёс ба «Ал-Наср» обуначиёни бештар доранд. Ин дастаҳо «Реал Мадрид», «ПСЖ», «Ливерпул», «Манчестер Сити», «Челси», «Бавария», «Боруссия Дортмунд», «Тоттенхэм» ва «Милан» мебошанд.
Бошгоҳи «Интер»и шаҳри Милан аз «Ал-Наср» аллакай ба андозаи ду миллион обуначӣ қафо монд. Шаш бошгоҳҳои дигар – «Наполи», «Порту», «Бенфика», «РБ Лейпсиг», «Айнтрахт» ва «Брюгге» – дар маҷмӯъ назар ба муштариёни «Ал-Наср» дар инстаграм обуначиёни камтар доранд.
Бо вуҷуди ин абардастаҳои аврупоӣ дар масири солиёни зиёд муштариёни худро ҷамъ кардаанд, вале «Ал-Наср» ба чунин дастоварди чашмрас дар як ҳафта ноил гашт ва шубҳае нест, ки обунашавӣ ба Криштиану минбаъд низ идома меёбад. Бояд қайд намоем, ки ана инро таъсиргузорӣ мегӯянд.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”