Дирӯз профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллӣ тасмим устодони собиқадор, ки дар самтҳои гуногун фаъолият доранд, дидору суҳбат намудааст.
Ба иттилои сомонаи расмии ДМТ Ректори ин Донишгоҳ устодонро, ки яке аз захираҳои бузурги илмию таълимии кишвар ва чеҳраҳои шинохтаи илму адаби ҷумҳурӣ дониста мешаванд, ба фарорасии соли нави мелодии 2023 табрик намуда, таъкид доштааст, ки таҷрибаи устодони соҳибмактабу соҳибтаҷриба барои рушду инкишофи ҳамаҷонибаи донишгоҳ мусоидат менамояд. «Донишгоҳ ба чунин устодони соҳибмактаб ниёз дорад»- таъкид намудааст, Қобилҷон Хушвахтзода.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ собиқ вазирону ректорон, мушовирону академикҳо ва умуман шахсиятҳое ҳузур пайдо кардаанд.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Ассотсиатсияи хатмкардаҳои ДМТ таъсис дода шуда, он метавонад дар рушду инкишофи самтҳои мухталифи донишгоҳ мусоидат намояд ва ҳамзамон дар самти омӯзиши таҷрибаи рӯзгори устодони соҳибназар хидмат намояд.