Ҷамъомади методӣ-таълимии соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи марказ, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ давоми ду шабонарӯз доир гардидааст.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад дар ин ҷамъомад ба таври назариявӣ ва ҳам амалан дар қисми ҳарбии 16772 ва пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташкилу ба роҳ монда шуд.
Дар рафти ҷамъомад иштирокчиён оид ба тартиби баҳисобгирӣ ва додани ҳисобот дар хадамоти сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, тарзи қабули сӯзишворӣ, ҳуҷҷатҳои асоснок барои коркарди ҳисоботи солонаи амволи шайъӣ, ҳуҷҷатҳои асоснок барои коркарди ҳисобот, тарзи коркарди ҳисоботи озуқаворӣ, тартиби дуруст коркарди нақшаи кишти маҳсулотҳои кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замини хоҷагии ёрирасон ва дигар мавзуҳои муҳимро матраҳ намуданд.
Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷараёни баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи мамлакат дар самти ақибгоҳӣ оид ба мавҷудият ва ҳолати нигоҳдороии молу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар шароити гуногуни хизматӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбиро самаранок истифода бурда, ба кишту парвариши маҳсулот ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ диққату тавваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зимни анҷоми ҷамъомади таълимӣ фаъолияти масъулини соҳаи ақибгоҳӣ дар соли 2022 ҷамъбаст ва барои нимсолаи якуми соли 2023 вазифагузорӣ карда шуданд.