Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) нахустин курси муқаддимавии таълимиро барои доварони Тоҷикистон баргузор кард, ки ҳадафаш ошноӣ бо шартҳои муқаддимавии кор бо системаи VAR мебошад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст, дар давоми панҷ рӯз инструктори варзидаи ФИФА Фарҳод Абдуллоев аз Ӯзбекистон барои доварони Тоҷикистон дар бораи сохтори бунёдии системаи мазкур ва принсипҳои истифодаи наворҳои такрорӣ дар бозиҳо як силсила лексияҳои онлайнӣ хонд.
Бо ин курс раванди омӯзиши пурраи доварони мо барои гирифтани иҷозатномаи VAR аз ФИФА оғоз шудааст. Дар семинари онлайнӣ ду довар аз Қирғизистон – Вероника Бернатская ва Дайирбек Абдилдаев низ ширкат доранд.
Қобили зикр аст, ки аз соли оянда дар бозиҳои лигаи олии чемпионати Тоҷикистон системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои татбиқи системаи VAR дар кишвар аз панҷ марҳила яктоашро гузаштааст. Холо марҳалаи дигар – тартиби тайёр кардани доварҳо ҷараён дорад.