Баргузории ҷаласаи 3-юми Коммисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид ал Фалиҳ ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардидааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласаи Комиссия аз ҷониби Ҳамраисон ба мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидории ду давлат барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд ва муҳайё намудани шароити мусоид барои афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тависяҳои судманд дода шуд.

Дар рафти мулоқот тарафҳо масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармоягузориҳои мутақобила, ташкили корхонаҳои муштарак ва дар ин замина тақвият додани ҳамкориҳои судманд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқисоди сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.

Аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи мазкур Протоколи ҷаласаи 3-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.