ТАВАҶҶУҲИ АФЗУНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр ҳанўз дар оғози давлатдории навини мо дар моддаи 1 Конститутсияи кишвар муқаррар гардида, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Чи тавре ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 ба 87 миллиард сомонӣ расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 дар соли 2022 то 22,5 фоиз коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 000, аз ҷумла 190 000 ҷойҳои кории нав дар соли 2022 таъсис дода шуданд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат менамоянд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 то 14,7 миллиард сомонӣ ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил дод.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382000 хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 000 хонанда ба истифода дода шуда, дар зарфи 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки дар 70 соли замони Шўравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Инчунин агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошанд, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 000 нафар расидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз; аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз; андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз; нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на камтар аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

Роҷеъ ба нақши маориф бори дигар таъкид шуд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонист.

Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгў арзёбӣ шуд.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олиро мебояд бо истифода аз имконияте, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Пешвои миллат вобаста ба тамоюли афзуншавии аҳолии мамлакат дар қиёс ба соли 1991, ки 5 миллион нафар ва ба ҳолати моҳи июли соли 2022-юм 10 миллион нафарро ташкил дод, таъкид доштанд, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур аст. Дар ин замина, тайи ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгўй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Аз рўйи натиҷагириҳои Сарвари давлат, бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ, аз рўйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд. Инчунин рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини соҳа арзёбӣ шуд.

Сиёсати давлатӣ дар самти тақвияти мавқеи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок дониста шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст. Барои мисол, зикр шуд, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла қариб 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро бонувону занон ташкил медиҳанд. Бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат аз нақши грантҳои президентӣ дар густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон ва беҳтар шудани шароити оилавии онҳо ёдовар шуда, қайд намуданд, ки занону бонувони соҳибкор дар рушди иқтисоди кишвар таъсири назаррас доранд.

Мутобиқи дурнамои сиёсати давлатӣ дар самти бонувон, ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшида мешавад, зеро онҳо қувваи бузурги ҷомеа буда, давлату Ҳукумат ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорад.

Сиёсати давлатии кор бо ҷавонон аз оғози давлатдории миллии мо мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд рўйи кор оварда мешаванд, зеро ба таъкиди Сарвари давлат, “ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд”.

Чунончи аз мушоҳидаи падидаҳову чолишҳои ҷаҳони муосир баръало маълум мегардад, дар асри мо идеяву назарияҳои нав омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ба шумор рафта, тарбияву парвариши насли солиму ватандўст дар руҳияи арзишҳои миллӣ, ҷавонони хушзавқу ихтироъкор ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии онҳо кафолати таъмини рушди устувор ва ояндаи пойдори ҳар ҷомеаву давлат маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеа

Бознашр аз АМИТ “ХОВАР”