Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) тақвими мусобиқаҳоро барои соли оянда нашр намуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст.
Дар соли 2023 мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон рӯзҳои 10-ум 12-уми ноябр дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван баргузор мешавад. Самбочиён аз рӯи барномаи Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ рӯзҳои 21-ум 30-юми октябр дар Арабистони Саудӣ рақобат мекунанд. Ҳамчунин, мусобиқа аз рӯи барномаи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ рӯзҳои 27-ум 29-уми ноябр дар Тайланд баргузор мешавад. Аз 12-ум то 18-уми июн дар Қазоқистон мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнус доир мегардад.
Инчунин дар соли 2023 баргузории ду Ҷоми ҷаҳонии самбо дар назар аст. Ин мусобиқаҳо дар Қирғизистон ва Сербия доир мегарданд. Ҷоми Осиё дар Корея дар шаҳри Сеул сурат мегирад.