Бонки миллӣ хабар додааст, ки бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2022, таҳти №140 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ин, департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 18 Ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият мекунад.