Темур Раҳимов дар «Jerusalem Masters 2022» медали нуқраро ба даст овард

Дар рӯзи охири мусобиқаи ниҳоии «Jerusalem Masters 2022» дар кишвари Исроил рақобатҳо аз рӯи 5-вазн, вазнҳои -78кг ва +78кг миёни бонувон ва дар вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар рӯзи охири мусобиқа ду варзишгар Комроншоҳи Устопирён дар вазни -90кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг намояндагӣ карданд.

Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопирён ҷойи 7-ум ва Темур Раҳимов медали нуқраро ба даст оварданд.

Ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳмов дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм муқобили Ричард Сипоч аз Маҷористон оғоз кард. Дар ин нурӯсанҷӣ Темур тавонист, ки бо имтиёзи иппон муқобили Ричард зафар ёбад ва ба даври 1/4 финал роҳашро ҳамвор намояд.

Дар даври 1/4 ниҳоӣ Темур бо варзишгари Озарбойҷон Ушанги Кокаури сабқат намуда, дар лаҳзаҳои охири рақобат тавонист, ки ғалабаро соҳиб шавад ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёбад.

Дар даври нимниҳоӣ Темур бо варзишгари Ӯзбекистон Алишер Юсупов нерӯсанҷӣ кард. Паҳлавони сангинвазни тоҷик қаблан дар финали мусобиқаи «GRAND SLAM BAKU 2022» муқобили ин ҷудокори ӯзбек пирӯзӣ ба даст оварда, аввалин нишони тиллояшро соҳиб шуда буд. Дар ин рақобат ҳам Темур бо як боварӣ тавонист, ки ҳарифи ӯзбекашро бо имтиёзи иппон шикаст дода, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёбад.

Дар даври ниҳоӣ Темур бо ҷудокори ҷопонӣ — Татсуру Саито сабқат намуда дар ҳолати таслим шудан «осайикомӣ» аз ин гурбаи ҷопонӣ шикаст хӯрд ва медали нуқраро ба даст овард.

Бояд қайд намоем, ки Темур Раҳимов аввалин ҷудокори тоҷик гардид, ки ба даври ниҳоии мусобиқаи «Masters» роҳ ёфт.

Инчунин Темур дар баробари медали нуқра 1260-имтиёзи олимпиро ба даст оварда, мавқеашро дар зинаи аввали раддабандии ҷаҳон мустаҳкам намуд.