Тими мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА соли 2022 дар ҷойи 108-ум қарор гирифт

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯзи 22 декабр раддабандии тимҳои миллиро охирин маротиба дар соли 2022 нашр кард.

Дар ин раддабандӣ мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 1187,02-имтиёз дар ҷойи 108-ум қарор гирифт. Миёни намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби кишвари мо дар ҷойи 20-ум қарор дорад. Қаблан як сол пеш тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА дар зинаи 116-ум ҷойгир буд.

Дар як соли охир тими мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9-бозӣ гузаронида, 5-ғалаба (Қирғизистон – 1:0, Мянмар – 4:0, Сингапур – 1:0, Тринидад ва Тобаго – 2:1, Малайзия – 0:0, аз рӯйи пеналтӣ – 3:0) ва ду мусовӣ (Қирғизистон – 0:0, Русия – 0:0) карда, дар ду бозӣ дучори шикаст гардидааст. (Уганда – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:5, Сурия – 0:1).

Раддабандии навбатии ФИФА 6-апрели соли 2023 нашр мешавад.