Имрӯз, дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба қабул гардидани қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” ва “Таъсиси Фонди боварии байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур олимону коршиносон оид ба масоили обу иқлим баромад намуда, ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистонро дар самти обу иқлим назарас ва аз чанд ҷиҳат муҳим маънидод намуданд. Гуфта шуд, ки муаммои тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистонро нигарон кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хатари тағйирёбии иқлим барои захираҳои об, бахусус пиряхҳо борҳо дар баромадҳои сатҳи байналмилалӣ маърӯза намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъала ҷалб намудаанд. Мутахасиси маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ Анвар Ҳомидов дар мавзӯъи “Пиряххои Точикистон дар шароити тагйирёбии иклим” маъруза намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад, ки он ҳудуди 8-фоизи масоҳати кишварро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки пиряхҳо яке аз воситаҳои асосии ташакулёбанадаи захираҳои обӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло тағйирёбии иқлим махсусан гармии бесобиқаи ҳавохавфи аз байн рафтани пиряхҳоробештар кардааст.
Ба таъкиди иштирокдорони ҳамоиш қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дастгирӣ ёфтани он дар сатҳи байналмилалӣ метавонад, дар самти пешгирии хавфу хатарҳои офати табиӣ мусоидат намояд. “Ҳоло бо партофти газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера хатари баланд гардидани ҳарорати ҳаво зиёд гардида истодааст, ки ин раванд дар даҳсолаҳои оянда метавонад боиси сар задани офатҳои азим дар миқёси саёра гардад”, – таъкид намуданд иштирокдорони ҳамоиш.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”