Бохтар: Муроҷиатҳо зиёд, аммо саривақт баррасӣ мешаванд

Рӯз то рӯз баробари зиёдшавии аҳолӣ шумораи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаву ташкилотҳо меафзоянд. Масъулини корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар дар ин ҳолат то чӣ андоза ба истифодабарандагони обу канализатсия хизмати босифат расонида метавонанд?

– Бо афзоиши аҳолӣ дархосту муроҷиатҳо бар корхона зиёд гашта, ба ҳисоби миёна шабонарӯзӣ аз 4 то 5 дархост вобаста ба хатҳои канализатсия ва то 3 дархост вобаста ба хатҳои оби нӯшокӣ ба корхона ворид шуда,  саривақт бартараф мегарданд, – мегӯяд Ҷумабек Зоиров, сармуҳандиси корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар.

Мусалам аст, ки рӯз то рӯз шумораи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаву ташкилотҳои маркази вилоят меафзоянд, ки ин аз кормандони кохонаи   давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр масъулияти дучанд талаб мекунад.

Ҷумабек Зоиров иброз дошт, ки аз тарафи мутахасиссони корхона пеш аз бунёди хонаҳои баландошёна хулоса пешниҳод мегардад. Тибқи хулосаи корхона ширкати сохтмони биноҳо бояд шартҳои заруриро иҷро кунад. Аз ҷумла барои дастрасии насосҳои  обкаш ё иваз намудани қубурҳои обгузар ва канализатсия бояд шароит фароҳам оварда шавад, то дар оянда барои хонаҳои пеш баистифодадодашуда монеагӣ набошад.

Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар ба 2 ҳазору 974 хоҷагӣ, аз ҷумла ба 164 корхонаи буҷетӣ ва 717 корхонаи худмаблағгузори хусусӣ хизмат мерасонад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонӣ аз аҳолӣ 90-91 фоиз таъмин мешавад. Проблемаи ҷамъоварии ҳаққи хизмарасонӣ аслан дар корхонаҳои буҷавӣ аст, ки қарзи онҳо сол аз сол зиёд гардида, ба ҳолати имрӯза 1 миллиону 230 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Номбурда гуфт, ки яке аз муваффақиятҳои корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар он аст, ки соли равон бо кумаки сокинон ва дастгирии корхона зиёда аз 4 километр хатҳои оби нӯшокӣ  кашида шуда, зиёда аз 300 хоҷагии маҳаллаҳои аз ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба ҳудуди шаҳри Бохтар воридгашта бо оби нӯшокӣ таъмин гардидаанд. – Дар оянда иқдом гирифтаем, ки дар ин самт бо аҳолӣ корро ҷоннок намуда, сокинони ҳудуди шаҳрро пурра бо хатҳои оби нӯшокӣ таъмин намоем, – гуфт Ҷумабек Зоиров, сармуҳандиси корхонаи мазкур.

Номбурда иброз дошт, ки барои оянда хатҳои канализатсия ва иншоотҳои паспартовтозакуниро аз таъмири ҷорӣ баровардан ва иқтидори онҳоро зиёд кардан муҳим аст ва дар ҳоли ҳозир бошад мушкиле надорем.

М. Акрамов

радиои «Тоҷикистон»