Дар ДМТ таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон: дирӯз ва имрӯз» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
9 декабри соли 2022 таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон: дирӯз ва имрӯз» дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгохи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили рӯзи ҳуқуқи инсон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимони ватаниву хориҷӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корхои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети хуқуқшиносӣ иштирок намуданд.
Муовини ректори Донишгохи миллии Тоҷикистон зимни ироаи сухани ифтитохии хеш ҳозиринро ба муносибати рӯзи ҳуқуқи инсон табрику шодбош намуда, иброз намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши боризи худро мегузорад. Мавсуф нақш ва мавқеи миллати точикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосиро гузоштааст.
Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонализода Нурулло баромад намуда, нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардхои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд. Бинобар ҳамин, иштирокдорони ҳамоиш баргузории конференсияи мазкурро идомаи сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон унвон намуданд.
Машраби Холмаҳмад
радиои “Тоҷикистон”