“Садои мардум”:   Ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз пардохти андоз озод мешаванд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе дар мавриди муҳимтарин таҳавулоти ҳаётӣ сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон матолиби мухталифи хабарӣ ва таҳлилӣ наш кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 декабр дар баробари ахбори расмӣ, мақолае бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи нави давлатдорӣ” чоп кардааст.

Муаллиф навиштааст, ки таърихи навини Тоҷикистон ба ном ва талошҳои хастанопазирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дорад. 

Ба таъкиди муаллиф ҳар нафаре, ки таърихи печидаи тоҷиконро медонад ва фаъолиятҳои шабонарӯзии ӯро мебинад, дарк мекунад, ки мо ҳанӯз на ҳама воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк кардаем. Дар хулосаи матлаб зикр мешавад, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо пеши роҳи аз байн рафтани давлати тоҷиконро гирифт, балки марҳила ба марҳила Тоҷикистонро ба як кишвари босуботу ва рушдёфта дар арсаи байналмилалӣ табдил кард.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 декабр мусоҳиба бо Файзиддин Қаҳорзода вазири молияи Тоҷикистонро нашр кардааст.  Дар ин мусоҳиба  Файзиддин Қаҳорзода ба саволҳо дар мавриди иҷрои қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо, ҷалби қарзҳои хориҷӣ ва масъалаи касри буҷети давлатӣ посух гуфтааст. 

Вазири молияи Тоҷикистон дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки қарзи хориҷии кишвар то 1-уми октябри соли 2022, ба 3,8 миллиард доллари амрикоӣ ё 37,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шудааст. Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳорзода, Тоҷикистон нақша дорад, ки давоми солҳои 2023 то 2025 наздики 700 миллион доллар маблағҳои қарзӣ ҷалб кунад. Дар ин миён вай таъкид кардааст, ки дар доираи ин қарзҳо,  аз ҷумла дарёфти қарз ба маблағи 314,5 миллион евро барои сохтмони НБО «Роғун» низ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон вазири молияи Тоҷикистон дар посух ба интиқодот мабни бар афзоиши ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ гуфтааст, бояд дарк кард, ки рушди иқтисоди кишварро танҳо бо маблағҳои буҷетӣ таъмин кардан аз имкон берун аст. 

Нашрияи “Садои мардум” ҳамчунин дар ин шумораи хеш хабар додааст, ки дар ҷаласаи рӯзи 7 декабр, Маҷлиси намояндагон ба Кодекси андози Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.  Тибқи ин тағйирот ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз барои даромад ва инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти ҳавопаймову чархболҳо озод карда мешаванд. 

Дар ин ҷаласаи парлумон зирк шудааст, ки ҳадафи додани имтиёзҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, идоракунии беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби мусофирон, коҳиши арзиши хизматрасониҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ, ҳамчунин рушди сайёҳӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 7 декабр, дар робита ба сафари қарибулвуқуъи президенти Ӯзбекистон ба Қирғизистон, матлаби сиёсатшинос Шералӣ Ризоёнро нашр кардааст. 

Ба навишати муаллиф, ҳалли масъалаи марзӣ бо ҳамсояҳо барои Ӯзбекистон пеш аз ҳама муҳим буд, чун барои роҳандозии сиёсати фаъоли минтақавии ин кишвар заминаҳои мувофиқро ба вуҷуд оварда, дар миёнамуҳлат вобастагии муайяни Бишкекро аз Тошканд ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи муаллиф, аз диди тавонмандиҳои иқтисодию сиёсӣ бештар ба нафъи Ӯзбекистон аст.

Дар баробари ин муаллиф менависад, ки барои ду кишвар ҳалли масъалаи марзӣ ниҳоят муҳим аст, чун эҳтимоли таъсири хатарҳои мустақим, ғайримустақим ва тасодуфиро ба рӯзнома ва муҳтавои равобити байнидавлатӣ коҳиш медиҳад. Яъне пешбинӣ мешавад, ки ин ҳолат ба моҳияти муносибатҳои дуҷониба , ҳамкориҳо дар сатҳи Осиёи Марказӣ ва мавқеъгирии минтақа дар равобит бо қудратҳои беруна таъсир мерасонад.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигари ин шумораи хеш аз мушкилоту саргардонии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Мариупол навиштааст.  Нашрия менависад, ки беш аз 100 муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Мариупол, ки то чанде пеш қаламрави Украина буд, аз пардохт нашудани музди меҳнат шикоят доранд. Нашрия менависад, ки муҳоҷиронро ваъда додаанд, ки ҳар моҳ 120 ҳазор рубл маош мегиранд, вале дар асл корфармоён танҳо 60-70 ҳазор рубл ба онҳо пардохт мекардаанд. Дар баробари ин бархе то ҳол музди меҳанаташонро дарёфт накардаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳуқушинос Каримҷон Ёров гуфтааст, ки ҳузури муҳоҷирони корӣ дар Мариупол ғайриқонунист, зеро тибқи қавонини байналмилалӣ ин шаҳр қаламрави Украина маҳсуб мешавад. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия низ ба муҳоҷирон ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба ин манотиқ худдорӣ кунанд.

Ҳафтаномаи русизабони  “Asia-Plus” дар сармақолаи шумораи рӯзи 8 декабр, масъалаи таксиҳои шаҳри Душанбе, ки ахиран сару садоҳои зиёдро дар ҷомеъа ба бор овард,  баррасӣ кардааст.

Муаллиф навиштааст, ки дар пойтахт 12 ширкати хадамоти таксӣ бо 5579 мошин фаъолият дорад ва ба гуфтаи масъулин барои шаҳри Душанбе 4100 таксӣ кофӣ аст. Яъне ба эҳтимоли зиёд наздики 1.5 ҳазор нафар ронандагон аз кор маҳрум мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф бархе ронандагон мошинҳои худро бо қарзӣ бонкӣ гирифта, ҳамакунун дар як ҳолати ногувор афтодаанд. Зеро дар ин ҳолат онҳо мошини худро фурӯхта наметавонанд, аммо маҷбурданд моҳона қарзи бонкро пардохт кунанд.

Нашрияи “Пайк”-и  чопи Кӯлоб дар шумораи рӯзи 8 декабр бо нашри мақолае ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро дар минтақаи Кӯлоб варзиши шиноварӣ рушд намекунад?

Муаллиф навиштааст, ки шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Муъминобод, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб имкониятҳои хуби рушди варзиши шиновариро доранд. Аммо баррасиҳои муаллиф нишон додааст, ки аксари ҳавзҳои шиноварӣ дар ин минтақа мавсимӣ буда, барои тамрини доимии шиноварӣ созгор нестанд. Дар ин миён муаллиф навиштааст, ки соли 2013 дар минтақаи Кӯлоб ҳавз барои қаиқронӣ кушода шуда буд, аммо дар муддати кӯтоҳ ба истиллоҳ ин ҳавзро “бало” зад ва ягон нафар дар он қаиқронӣ накардааст.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

радиои  “Тоҷикистон”