Рӯзи чорум аст, ки дар КМТ Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад. Дар озмуни мазкур хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии мамлакат иштирок доранд. Ба андешаи аъзоёни ҳакамон сол то сол сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон баланд гардида истодааст.
Самирабону Саидзода ва Сабзина Саидзода фарзандони як оила мебошад. Онҳо бо роҳбарии модарашон Сайёҳат Шодиева дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуданд. Самирабону Саидзода хонанадаи синфи 9 ва Сабзина Саидзода хонандаи синфи 8-уми МТМУ №59-и шаҳри Турсунзода ҳастанд.
Самирабону иштирокчии озмун аз рӯи номинаи “Хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ” мебошад. Ӯ беш аз 100 ғазал 120 рӯбоӣ ва дубайтӣ, зиёда аз 800 байт аз достонҳои адибони муосири тоҷик ва зиёда аз 700 китобро мутолиа намудааст. “Китоб ин дусти беҳтарин, устоди беминат ва ёри ҳамдаму ҳамарӯзаи мо хонандагон мебошад. Ин озмун сабаб шуд, ки мо хонандагон бо ҳамсолони худ аз тамоми манотиқи кишвар шиносоӣ пайдо намоем”,-мегуяд Самирабону Саидзода.
Соли дуюм аст, ки Сабзина Саидзода дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинаи якум яъне хондан ва азёд кардани адабиёти кудакону наврасон, осори манзуми адибони класик ва муосири тоҷик иштирок менамояд. Ӯ тибқи низомномаи озмуни мазкур зиёда аз 400 асари бадеӣ 150 шеър, ки дар маҷмуъ 3000 байтро ташкил менамояд мутолиа ва ҳифз намудааст.
Модари Самирабону ва Сабзина Сайёҳат Шодиева мегуяд, ки роҳандозии озмуни мазкур дар ҳақиқат завқи хонандагонро нисбати китобхонӣ бештар намуд.
Воқеан ҳам роҳандозӣ гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷиҳати баланд бардоштани савияи ҷавонону наврасон замина гузошт. Ҳамин аст, ки сол то сол довталабони озмуни мазкур меафзояд. Бояд гуфт, Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Озмун то 15-уми декабр идома меёбад.
Баҳруллои М
радиои “Тоҷикистон”