Акс аз МД “Тоҷикфилм”
Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» дар синамоҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ИДМ-и шаҳри Москва «Московская премьера» ширкат намуда, миёни даҳҳо филм аз кишварҳои олам, ду ҷоизаро ба даст овардааст. Дар ин бора МД «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба нақшофари навраси филм Меъроҷиддини Сафар созовор дониста шудааст.
Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» аз тарафи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст.
Филм дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шуда, аз рӯзгори наврасе, ки ба моҳигирӣ шавқ дошта, мехоҳад оянда ба ин касб шуғл варзад ҳикоят мекунад. Инчунин, филм масоили муҳити зист, кам шудани захираҳои об ва хушкшавии рудхона, кӯлу дарёҳоро дар робита ба гармшавии глобалии иқлим инъикос намудааст.