“Гармит” ва “бронерит”. АМИТ аз кашфи ду маъдани нодири дигар Тоҷикистон хабар дод

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз кашф гардидани ду минероли нави дар Тоҷикистон мавҷудбуда хабар додааст. Аз инҳо ГАРМИТ ва БРОННЕРИТ ном бурда мешавад.

Манбаъ менависад, ки дар яке аз мавзеъҳои ҷолиб ва дилрабои Дараи Пиёз воқеъ дар ноҳияи Рашт маъдани нав бо формулаи CsLiMq(SiuO) F кашф карда шуд. Мутобиқ ба мавзеи кашфгардида, маъдани мазкурро “гармит” номгузорӣ намуданд.

АМИТ ёдоварӣ намудааст, ки Дараи Пиёз шохаи чапи рӯдхонаи Ярх асту бахши қобили таваҷҷуҳе аз он тавассути яхҳои табиии пӯшидашуда мушоҳида мешавад ва заминшиносии мавзеро бисёр печида нигаҳ медорад. Тартиби кимиёвии бар рӯйи як кӯтоҳташхиси озмоишӣ дар Осорхонаи маъданшиносии Академияи илмҳои Русия ба номи А.Е. Ферсман мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар мавзеи Помири Шарқӣ дар самти рости рӯдхонаи Кукурт як кристолли бузурги бадшакл аз навъи “бронерит” (UTi206) пайдо шудааст.

АМИТ мегӯяд, ки ду шароит боис ба нигоштани ин ёддошт аз ҷониби олимони маъданшинос гардидааст: “Онҳо натавонистаанд тавсифе аз броннерити аз Помири Шарқӣ дарёфтгардидаро дар матнҳо ва мероси хаттии ин мавзеи Кӯҳистон мавҷудбуда дарёбанд ва шояд ин аввалин кашфи ҳақиқӣ буд, ки аз дидгоҳи таҳлил дар минтақа дастрас шудааст. Дувумин, алорағми ин воқеият аст, ки броннерит як моддаи маъдании бисёр камёфт дар назар гирифта намешавад ва дар баъзе мавзеъҳои захоири уран аз зумраи маъданҳои маъмулӣ ва муҳим шинохта мешаванд”.