Дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳои Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар мунтахабҳои Марокаш ва Испания ба ҳам омаданд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эдюкейшн Сити” баргузор гардида, бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт ва дар иҷрои зарбаҳои 11-метра (пеналтӣ) бо ҳисоби 3:0 марокашиҳо ғолиб омаданд.
Дар вақти асосии рақобат ҳар ду даста бозии дифоъкорона нишон дода, натавонистанд, ки ҳисобро боз кунанд. Ҳамин тавр рақобати дастаҳо то ба силсилазарбаҳои 11-метра расид ва дарвозабони тими мунтахаби Марокаш – Ёсин Буну аз худ маҳорати баланд нишон дода, зарбаҳои иҷро намудаи футболбозони Испанияро баргардонд ва пирӯзии дастаашро таъмин кард.
Ҳамин тавриқ, дар ин бозии ҷолиб ва ҳассос мунтахаби Марокаш пирӯзӣ ба даст овард ва аввалин маротиба дар таърихаш ба даври 1/4 финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Бояд қайд намоем, ки тими мунтахаби Испания дар ду Мундиали охир дар даври 1/8 ниҳоӣ аз рӯи силсилазарбаҳои 11-метра (пеналтӣ) ноком мешавад.
Дар бозии дигари ин рӯз Португалия бо Швейтсария рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Лусаил” доир шуда, бо ҳисоби калони 6:1 бар суди португалиҳо ба анҷом расид.
Португалиягиҳо аз дақиқаҳои аввал нисбат ба рақиб бартарии зиёд доштанд ва тавонистд, ки ба осонӣ ғалаба ба даст оварда ба даври 1/4 финал роҳ ёбанд. Голҳоро дар ин вохӯрӣ аз ҳайати мунтахаби Португалия Гонсалу Рамуш, Пепе, Рафаэл Геррейро ва Рафаэл Леау ба самар расониданд. Ягона голи Швейтсарияро Мануэл Аканжи вориди дарвозаи португалиҳо намуд.
Дар ин дидор ҳамлагари 21-солаи бошгоҳи “Бенфика” Гонсалу Рамуш хет-трик кард ва аввалин бозингар дар Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 гардид, ки ба ин натиҷа даст ёфт. Криштиану Роналду бошад дар ин дидор аз ҳайати захира дар дақиқаи 73-юм ба майдон баромад ва дар идома натавонист, ки ба задани гол ё партофти головар даст ёбад.
Ҳамакнун мунтахаби Португалия дар даври 1/4 финал бо яккачини Марокаш майдондорӣ мекунад.