Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар кишвари Ветнам дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок менамояд

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии “International Thanh Nien Cup”, ки дар Ветнам доир мегардад иштирок менамояд. Мусобиқа аз 6-ум то 12-уми январ баргузор мешавад.

Рақибони тими кишвар мунтахабҳои ҷавонони Ветнам, Тайланд ва Малайзия ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намоем, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Урдун (2-март), Уммон (5-март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-март) рақобат мекунанд.

Пас аз анҷоми Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон 4-дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.