Сокинон мегўянд бояд масъулин посух гӯянд, ки чаро дар як муддати кўтоҳ нархи як қутти тухм аз 24-30 сомонӣ ба 44-50 сомонӣ дакка хӯрд.
Бо тасдиқи ин гуфтаҳо аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои “Тоҷикистон” гуфтанд, ки тағйирёбии нархи маҳсулоти мазкур танҳо дар як моҳи охир дар анборҳои яклухтфурўшии бозори “Фаровони”-и пойтахт аз 11,3 то 22,4 фоиз боло рафт, дар дигар бозорҳои кишвар низ ин чиз мушоҳида шуд.
Машокир Назаров, сардори КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сабабҳои болоравии арзиши тухмро ба зиёд шудани талаботи мардум ба тухм, ки дар фасли тирамоҳу зимистон истеъмоли он зиёд ба назар мерасад ва худсарона ба боло бурдани арзиши нархи тухм аз ҷониби соҳибкорон ва ба болоравии арзиши хӯроки паранда марбут донист. “Сабабу омилҳои асосии болоравии арзиши тухм ин пеш аз ҳама зиёд шудани талаботи мардум дар фасли сармо ва сабаби дигари он гарон шудани ҳама намуди хӯроки паранда мебошад. Дар баробари ин боз тоҷирону фурӯшандаҳо диданд, ки талаботи мардум зиёд шуд, якбора нархро боло бурданд”- мегӯяд, Машокир Назаров.
Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Каримов, роҳбари корхонаи парандапарварии “Амина К”-и дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар суҳбат ба хабарнигори радиои “Тоҷикистон” оид б болоравии нархи тухми мурғ чунин гуфт: “Мо саршумори парандапарвариро аз 40 ҳазор саршумор оғоз намудем, ки ҳоло ба 300 ҳазор расидааст. Сабаби боло рафтани арзиши тухм ин вобаста ба хӯроки паранда аст. Дар баробари гарон шудани хӯроки паранда, нархи тухм ҳам каме ба боло рафт, чунки дар баробари гарон шудани арзиши хӯроки паранда, агар нархи тухмро зиёд накунем, мо хароҷоти корхонаро пӯшонида наметавонем”.
Сокинон мегўянд, бовар надоранд, маҳз гарон шудани нархи хӯроки паранда ба болоравии нархи тухм боис шуда бошад. Фурӯшандагони дӯкону растаҳои бархе аз дӯкону бозорҳои пойтахт мегўянд, гарон шудани тухм ба онҳо дахл надорад. Онҳо мегӯянд аз яклӯхтфурӯшон тухмро бо арзиши болотар дастрас мекунанд. “Ин гароншавии арзиши тухм аз мо фурӯшандагон вобастагӣ надорад, зеро нафарони яклӯхтфурӯш ба мо бо нархи гаронтар пешниҳод мекунанд”-гуфт яке аз фурӯшандаҳо.
Ин дар ҳолест, ки Фахриддин Холов яке аз масъулини бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе ба мо иттилоъ дод, ки дар охири моҳи ноябр аллакай арзиши нархи тухм тағйир ёфта, андаке муътадил гардидааст. “Нисбат ба моҳҳои қаблӣ арзиши нархи тухм хеле тағйир ёфтааст, ки ман гумон мекунам ин гароншавӣ аз камчиншавии тухм вобастагӣ дорад”- гуфт ӯ.
Тибки иттилои КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзӣ дар ҳудуди кишвар 215 корхонаи хӯрду калони парандапарварӣ, аз ҷумла мурғпарварӣ фаъолият доранд, ки дар ин корхонаҳо беш аз 11 миллион сар шумори парандаи гӯштиву тухмӣ парвариш меёбанд. Ба гуфтаи Машокир Назаров, сардори КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”дар ин корхонаҳо 995 миллион дона тухми мурғ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 162 миллион дона тухм зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Сайфиддин Қараев, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ мегӯяд дуруст аст, ки нархи дон ва барқ гарон шудааст, аммо ин маънии ба ин ҳад баланд карданро надорад. Сайфиддин Қараев гуфт, худи корхонаҳои мурғпарварии мо рақиб аз хориҷа надоранд ва нархро мустақилона таъин мекунанд. “Пештар тухм ба кишвари мо аз кишварҳои Эрон ва Ӯзбекистон ворид мешуд. Ҳоло бошад корхонаҳои парандапарварӣ ягон рақиб надоранд. Бинобар ин, нархи арзиши тухмро таъби дили худ метавонанд ба боло бардоранд”.
Коршиносон мегўянд, давлат ба корхонаҳои мурғпарварӣ имтиёзҳои андозӣ додааст ва набояд нархи он дар бозорҳо гарон шавад.
Наҷибуллои Ҳомидҷон
радиои “Тоҷикистон”