“Соҳибном”. Пардозе ба шахсият ва фаъолияти Қурбоналӣ Партоев

Таҷрибаи рўзгор собит кардааст, ки барои такомули маънавии дилхоҳ фард хиради азалӣ ва ҷавҳари фитрӣ нақши хосса дорад. Қаҳрамони матлаби мо дар оилаи деҳқон ба дунё омадаву маҳз донишу маърифат ва истеъдоду маҳораташ ўро аз деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт то ба Аврупову Амрико бурдааст. Маҳз бо ташаббуси ў навъҳои нави тухмии картошка – «Зарина», «Дўстӣ», «Файзобод», «Тоҷикистон», «Рашт», «Академияи илмҳо-1», «Сурҳоб», «Нилуфар» рўйи кор омадааст. Албатта, афроде ки аз соҳаи кишоварзии мамлакат огаҳанд, дарк карданд, ки ин чеҳра доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мебошанд. 

Қурбоналӣ Партоев- 10-уми декабри соли 1952 дар деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1982 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзўи «Тағйирёбии нишонаҳои пахта ва ирсияти онҳо дар натиҷаи дурагакунӣ бо гарди аз таъсири нури офтоби шиддаташ баланд коркард шуда» ҷамъбаст намуда, дар шаҳри Тошканд рисолаи номзадиро дифоъ намудааст.  Соли 2013 бошад, рисолаи докториро бо мушовирии яке аз олимони намоёни Шўравӣ, профессор Алиев Қурбон Алиевич дар мавзўи «Хусусиятҳои селексия ва тухмипарварии картошка дар кўҳистони Тоҷикистон» дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ҳимоя намудааст.

Бахтовар Сатторов корманди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўяд, ки фаъолиятҳои илмии устод ба масоили селексия ва тухмипарварии зироатҳои пахта, картошка ва топинамбур (ноки заминӣ) равона шудааст. Махсусан, дар ба даст овардани дурагаи байнинамудии пахта, ки тоҷи баргҳояш дар гулкунӣ шукуфта намешуданд, барои пешгирӣ намудани омехташавии навъҳо хело аҳамияти калони илмию-амалӣ дошт.

Имрўз мо натиҷаи фаъолияти илмии устод Қурбоналӣ Партоевро дар соҳаи картошкапарварии мамлакат бараъло мушоҳида мекунем. Мавсуф зимни сафарҳои илмӣ ба хориҷи мамлакат навъҳои гуногуни картошкаро вориди кишвар намуда, онро коркард карданд, маҳз дар заминаи коллексияи илмии доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев навъҳои нави картошка рўйи кор омадааст.

Қаҳрамони матлаби мо тӯли 50 соли фаъолияти илмӣ барои омўзиш ва табодули таҷрибаҳои илмӣ ба 20 мамлакати дунё сафар намуда, беш аз 60 номгўйи клонҳои картошкаро ворид намудааст.        

Бахтовар Сатторов корманди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўяд, ки устод ҳар сафари илмиро самаранок истифода мебурданд ва аз онҳо тухмиҳои зироати кишоварзиро барои омўзиш ба кишвар ворид мекарданд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои селексионӣ доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев шаклҳои нави пахта, картошка ва топинамбурро ба даст овардааст. Ў аввалин маротиба омезиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосирро дар ҷараёни ба даст овардани навъҳои нави картошка дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Вай муаллифи 8 навъи нави картошка: «Зарина», «Дўстӣ», «Файзобод», «Тоҷикистон», «Рашт», «Академияи илмҳо-1», «Сурхоб», «Нилуфар», як навъи топинамбур – «Сарват» ва ду навъи гандум мебошад. Навъҳои ихтирокардаи ин чеҳраи муваффақи соҳаи кишоварзии мамлакат ҳосилнокии баланд дорад.

Дар баробари фаъолияти илмӣ доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев дар  тарбияи  олимони  ҷавон  хизмати  назаррас  кардааст.  Таҳти  роҳбарии  ў  6 нафар  рисолаи  номзадӣ  ва  2  нафар   рисолаи   докторӣ  ҳимоя  намуда, беш аз 700  асару  мақолаҳои  илмӣ – оммавӣ   ба нашр расонидааст. 

    Ҳамсуҳбати дигари мо Абдуғаффор Убайдуллоев, ки солиёни зиёд дар нашрияҳои соҳавии Вазорати кишоварзӣ ба ҳайси роҳбар фаъолият дошт, аз ҳамкории устод Қурбоналӣ Партоев ёд оварда мегўяд, ки устод бо мо ҳамкории зич дошта, ўро ба ҳайси беҳтарин рафиқ дар зиндагӣ шинохтам.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон зимни вохўрӣ бо зиёиёни мамлакат гуфта буданд, олимон ва донишмандон дар ҷомеа бояд ҳамеша пешсафу пешоҳанг ва бунёдкор бошанд, зеро ҳеҷ кор бидуни назария, яъне илму дониш ҷомаи амал намепўшад. Дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат низ саҳми олимони соҳа бениҳоят бузург мебошад. Маҳз заҳмати онҳо дар ривоҷ  додани  соҳаи  кишоварзӣ,  ба вуҷуд  овардани  тухмиҳои  беҳтарини  зироат калон аст.

Феълан проффесор, доктори илмҳои кишоварзии мамлакат Қурбоналӣ Партоев  дар айни камолоти эҷодист, мақсад дорад, ки дар боло бурдани сатҳи илми кишоварзӣ бо таълифи асарҳои илмӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа саҳми беҳтару бештар бигирад. Дар ин ҷода мо ҳайъати эҷодии радиомаҷаллаи «Ҳаёти деҳот» ба олими забардаст, муњаққиқи соҳибзавқ, инсони нексиришту фозил муваффаққият таманно дорем.

 Муродулло Раҳимов

радиои “Тоҷикистон”